Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷрокунандаи нахуствазир дар Қирғизистон тағир ёфт


Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон истеъфои Омурбек Бабанов-иҷрокунандаи мақоми нахуствазирро пазируфт. Вай Аалӣ Карашевро иҷрокунандаи мақоми нахуствазир таъйин кард. Вай то ҳол муовини нахуствазир буд.

Ҳоло ҳамаи вазирони кобинаи Қирғизистон кори худро идома медиҳанд, бо вуҷуди он ки онҳо истеъфои худро эълон кардаанд. Баъд аз фурӯпошии эътилофи ҳизбӣ дар порламон, акнун талошҳо барои ташкили эътилофи аксарият идома дорад ва дар сурати ташкили эътлофи нав кобинаи нав низ ташкил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG