Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама аз раҳоии сарбози озарӣ изҳори нигаронӣ кард


Барак Обама

Барак Обама

Кохи Сафед мегӯяд, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико баъд аз раҳоии сарбози озарбойҷонӣ аз сӯи раиси ҷумҳури Озарбойҷон “амиқан нигарон” шудааст. Сарбоз Рамил Сафаров як афсари Арманистонро ба қатл расонда буд.

Бино ба гуфтаи сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ, Обама бар ин ақида аст, ки бахшидани ин сарбози қотил аз сӯи Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон “ба талошҳо дар роҳи коҳиши ташуннуҷ ва таблиғи оштӣ дар минтақа созгор нест”.

Томи Виетор-сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ гуфт, Вашингтон ҳамчунин мехоҳад Будапешт тавзеҳот диҳад, ки чаро Сафаровро ба Озарбойҷон таслим кардааст.
Сафаров барои куштори Гурген Маргариян бо зарби табар дар соли 2004 мӯҳлати ҳабси абадро дар Маҷористон сипарӣ мекард.

Он вақт ин ду нафар дар таркиби нируҳои НАТО дар машқҳои низомӣ ширкат доштанд.
Ҳоло Арманистон равобити дипломатиро бо Маҷористон барои ин тасмим қатъ кардааст ва нируҳояшро ба ҳолати “омодабоши комил” даровардааст.
XS
SM
MD
LG