Пайвандҳои дастрасӣ

Дидору гуфтугӯҳои нахустини Раҳмон дар Ҳинд


Гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари иёлати Гоаи Ҳиндустон

Гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари иёлати Гоаи Ҳиндустон

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Ҳинд аз иёлати Гоаи ин кишвар оғоз ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни боздиди расмии худ аз Ҳиндустон гуфт, кишвараш умедвор аст, Ҳиндустон дар таҳкими зербано дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Дар мулоқоташ бо Ванҷӯ -- раҳбари аёлати Гоаи Ҳиндустон ҷаноби Раҳмон хостори ҳамкориҳо дар бахшҳои беҳдошту ҷаҳонгардӣ, илм ва кишоварзӣ шуд. Ӯ гуфт, миёни Тоҷикистону аёлати Гоа хатти мустақими парвоз ташкил шавад, то сайёҳони ҳар ду кишвар тавонанд аз кишварҳои якдигар боздид кунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, субҳи шанбе, 1-уми сентябр, дар раъси як ҳайати баландпояи давлатӣ, озими Ҳинд шуд. Ӯ дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов, вазири маориф Нуриддин Саидов, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Сафари расмии ҳайати Тоҷикистон ба Ҳинд чаҳор рӯз идома хоҳад кард ва зимни ин сафар имзои чанд қарордоди ҳамкорӣ байни ду кишвар пешбинӣ шудааст.
Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳинд дар ҳолест, ки ин кишвар дар бозсозии фурудгоҳи низомии «Айнӣ», воқеъ дар 25-километрии ғарби шаҳри Душанбе саҳми муносиб дорад.

Бар асоси тавофуқномаи ҳамкорие, ки даҳ соли қабл миёни Душанбе ва Деҳлӣ ба имзо расида буд, Ҳинд муваззаф гардид, то дар бозсозии ин фурудгоҳ, сармоягузорӣ кунад. Ин фурудгоҳ моҳи сентябри соли 2010 мавриди баҳрабардории дубора қарор гирифт ва гуфта мешавад, Ҳинд барои иҷрои ин тарҳ маблағи 70 миллион доллари амрикоӣ ҳазина кардааст.

Зимнан, бо он ки ин фурудгоҳ моликияти Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аммо то кунун ин кишвар бо ҳеҷ кишвари дигаре дар мавриди истифодаи муштараки он ба тавофуқ нарасидааст. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, ки музокироте дар ин замина танҳо бо Русия ҷараён мегирад.

Инчунин, Ҳинд бозсозии Варзоб ГЭС – қадимтарин нерӯгоҳи Тоҷикистонро низ таъмини молӣ мекунад. Ин аст, ки Ҳинд Тоҷикистонро "шарики стратегӣ"-и худ дар минтақаи Осиёи Миёна медонад. Дар моҳи июни соли ҷори Соманаҳаллӣ Кришна, вазири умури хориҷии Ҳинд зимни сафараш ба Тоҷикистон баён дошт ва гуфт, ки кишвараш омода аст бо Тоҷикистон ҳамкориашро густариш диҳад. Ҷаноби Кришна гуфта буд, ки онҳо бо Тоҷикистон манофеи муштараки иқтисодиву сиёсӣ ва дифоиву амниятӣ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG