Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар пояи маълумоти расида, ширкати “Тоҷик Эйр” баъзе аз парвозҳои байналмилалии худро мутаваққиф кардааст.

Аз ҷумла гуфта мешавад, ки парвозҳои ин ширкат ба самти Теҳрон дар рӯзи шанбе лағв шудааст. Бархеҳо иллати ин амрро дар камбуди мусофирон мебинанд, аммо бархеи дигар мегӯянд, дар парки ин ширкат ҳавопаймоҳои мудерн (замонавӣ, муосир) кам аст ва ба ин далел дучори ҳамчунин мушкил шудааст.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин қазия ва чанд масъалаи дигар, хабарнигори “Озодӣ” сӯҳбате дошт бо Исмоил Ғаффоров, мудири тиҷоратӣ ва масъули равобити байналмилалии ширкати “Тоҷик Эйр”.

Исмоил Ғаффоров: "Парвозҳо ба самти Теҳрон аз Душанбе ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои сешанбе ва шанбе иҷро мегарданд, ки иҷро гашта истодаанд. То имрӯз танҳо як парвоз ба иҷро нарасидааст. Маълумоте, ки Шумо мегӯед ба ҳақиқат дуруст намеояд."

Озодӣ: Далели анҷом наёфтани ҳамин як парвоз чӣ аст?

Исмоил Ғаффоров: "Агар ширкатҳои ҳатто бениҳоят бузурги ҷаҳонро бигирем, аз он ҷумла Луфганза, Туркишэйрланс, Американэйрланс, Бритишэйрланс, баъзе аз ширкатҳое, ки дар Ҳиндустонанд, дар як моҳ як парвоз не, шояд чанд парвозро ба таъхир гузоранд ва инки як парвоз аз тарафи “Тоҷик Эйр” иҷро нашудааст, чизе нест. Мо, танҳо як парвозро ба тарафи Теҳрон иҷро накардем, аллакай ин қадар овоза ва гапҳои дурӯғ ба вуҷуд омадааст. Иҷро нагардидани як парвоз маънои онро надорад, ки дар кори ширкат кадом мушкил пеш омада бошад. Ширкати мо тамоми ӯҳдадориҳоеро, ки барои расондани хидмат ба мусофирон мегирад, иҷро карда истодааст, аз он ҷумла дар хатсайри Душанбе-Теҳрон."

Озодӣ: Ширкати “Тоҷик Эйр” солона ба давлат чӣ миқдор молиёт (андоз) месупорад?

Исмоил Ғаффоров: "Соли гузашта ширкати “Тоҷик Эйр” ба ҳукумати Тоҷикистон қариб 50 миллион сомонӣ андоз супоридааст. Соли ҷорӣ дар ҳафтмоҳаи гузашта бештар аз 23 миллион сомонӣ супоридааст."

Озодӣ: Баъзе аз кормандони Шумо аз ҷумлаи ҳавонавардҳо ба далели онки дар ширкати “Тоҷик Эйр” музди моҳона камтар аст, аз кор рафтаанд...

Исмоил Ғаффоров: "Рафтани кормандон ба сатҳ ва рушди молиявии ширкат ягон вобастагӣ надорад. Онҳое аз ширкат рафтаанду мераванд, ки ба синни бознишастагӣ (нафақа) расидаанд. Ҳамин ду рӯзи пеш худи ман се нафарро ба сифати ҳавонавард ба кор қабул кардам. Вале агар Шумо бар инед, ки кормандони ширкат пайваста ба маҳзи камбуди маош назар бар дигар ширкатҳо аз кор рафта истодаанд, ин ба ҳақиқат дуруст нест."

Озодӣ: Яъне ин ҳарфҳо, ки ба ширкати “Тоҷик Эйр” кризис, яъне бӯҳрон таҳдид мекунад ва он наздик ба варшикаста шудан аст дуруст нест?

Исмоил Ғаффоров: "Ҳеҷ гуна таҳдиди бӯҳрон вуҷуд надорад. Ширкат дар доираи хатсайрҳое, ки иҷро мекунад, фаъолияти худро пеш бурда истодааст ва ӯҳдадориро нисбати мусофирони худ иҷро мекунад"

Озодӣ: Дар чанд сафарҳое, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар дошт, тавассути ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” сурат гирифт. Ин маънои онро дорад, ки сатҳу сифати кори онҳо ва ҳавопаймоҳои онҳо беҳтар аст?

Исмоил Ғаффоров: "Ин масъала дар салоҳияти ман нест. Масъалаи ҷудо намудани худи ҳавопаймо барои шахси аввали ҷумҳурӣ дар салоҳияти дигар идораҳо ва шахсони мутасаддӣ аст, барои ҳамин ман ба он ҷавоб дода наметавонам."

Озодӣ: Нархи чиптаи ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба самти шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Маскав баланд шуда то ба 700 доллар расиданд. Чаро якбора ба ин сатҳ боло рафт?

Исмоил Ғаффоров: "Нисбати то 700 доллар баланд шудани нархҳо ман ба ростӣ хабар надорам. Ин ба ҳақиқат рост намеояд. Нархҳои ширкат бояд бо шароити бозаргонӣ мутобиқ бошад. Мо ҳар рӯз ва ҳатто ҳар соат нархҳоро иваз менамоем. Аммо нархи ягон чиптаи хаттисайри Душанбе ба ягон самти дигар ба 700 доллар нарасидааст."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG