Пайвандҳои дастрасӣ

Тайвану Ҷопон ҳушдори тсунамиро лағв карданд


Мақомоти Ҷопону Тайван ва бисёре аз ҷазираҳои уқёнуси Ором ҳушдори тсунамиро лағв кардаанд. Аммо ҳушдор аз тсунамӣ барои Филлиппину Индонезия ҳанӯз ба қувваи худ боқист. Ин ҳушдор ба дунболи заминларзаи 7,6-баллиест, ки рӯзи ҷумъа Филлиппинро таккон дод. Қаблан созмони геологии Амрико шиддати ин заминларзаро 7,9 балл баровард карда буд.
XS
SM
MD
LG