Пайвандҳои дастрасӣ

Сухангӯи Путин гузориши Немтсовро сохта номид


Дмитрий Песков

Дмитрий Песков

Сухангӯи раисиҷумҳури Русия гузориши мухолифинро, ки Владимир Путинро ба пешбурди зиндагии бошукӯҳи “монанд ба султонҳои халиҷи Форс” айбдор мекард, иттиҳоме сохта номид. Дмитрий Пешков гуфт, аз чунин фошгӯиҳои сохтаи мухолифин изҳори таассуф мекунад. Узви аршади ҷунбиши мухолифи Русияи дигар Борис Немтсов ахиран дар гузорише гуфт, барои таъмини ҳаёти шоҳонаи Путин 20 кӯшки муҳташам, 43 ҳавопаймо ва 4 яхта “хидмат” мекунанд.
XS
SM
MD
LG