Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Пешовар дастикам 6 кас кушта шуд


Таркиши мошини бомбгузоришуда дар як бозори шаҳри Пешовар дар шимолуғарби Покистон дастикам 6 нафарро кушта ва 11 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, маводи мунфаҷира дар як мошини боркаш дар наздикии масҷиди Матнӣ, маҳаллае дар канораи ҷанубии Пешовар таркид. Касе ҳанӯз масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале чунин бомбгузориҳову ҳамлаҳои маргталабона дар Пешоварро қаблан ҷангиҳои толиб анҷом медоданд. Ҳадафи ҳамла низ рӯшан нест, чунки ҳамаи қурбониёнаш афроди мулкианд.
XS
SM
MD
LG