Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "кӯтоҳмуддат"-и ду хабарнигори Озодӣ


Абдулло Ашӯров
Абдулло Ашӯров
Ду хабарнигори Озодӣ рӯзи 31 август дар Душанбе аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои муддати кӯтоҳе боздошт шуданд. Абдуллоҳи Ашӯр ва Зарангези Наврӯзшоҳ баъди пайгирии эътирози як гурӯҳи довталабони таҳсил дар макотиби олии Қазоқистон, дар роҳи бозгашт ба дафтари Радиои Озодӣ дастгир шуданд. Абдуллоҳи Ашӯр гуфт, боздошти онҳо ба пайгирии ҳамин эътироз бастагӣ дошт. Тақрибан 20 довталаби тоҷик рӯзи ҷумъа дар назди Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи табдили риштаҳои тахассусии онҳо дар донишгоҳҳои Қазоқистон эътироз карданд.
XS
SM
MD
LG