Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Алиев қотили афсари арманиро афв кард


Рамил Сафаров баъди бозгашт ба Боку
Рамил Сафаров баъди бозгашт ба Боку
Афсари озарие, ки бо ҷурми куштани як афсари арманӣ дар Маҷористон ба ҳабси умрбод маҳкум шуда буд, ба муҷарради истирдодаш аз сӯи раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев афв шуд. Дар соли 2006 додгоҳи Маҷористон Рамил Сафарови феълан 35-соларо бо ҷурми қатли афсари арманӣ Гургин Маркариён дар ҷараёни машқҳои соли 2004-уми НАТО бо ҳаққи афви фақат баъд аз 30 сол ба ҳабси умрбод маҳкум карда буд. Сафаров гуфта буд, ки ин арманиро ба далели “таҳқири парчами миллии Озарбойҷон” куштааст. Арманистону Озарбойҷон бар сари вилояти ҷудоихоҳи умдатан арманинишини Қаробоғ дар ҳоли таниши шадид қарор доранд.
XS
SM
MD
LG