Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи паёми мармуз дар ҷои қатли 2 сокини Қазон


Мақомоти Русия мегӯянд, гумонбари қатли ду зан дар шаҳри Қазон мехост бо навиштани паёми марбут ба гурӯҳи Pussy Riot дар маҳалли куштор пулисро гумроҳ кунад. Аҷсоди як зани 38-сола ва модари 76-солаи ӯ рӯзи панҷшанбе ёфт шуд. Дар паҳлуи аҷсод дар девор зоҳиран бо хун ин паёмро навишта буданд, ки “Озодӣ ба Pussy Riot!" Дар қатли ин ду зан Игор Данилевский, устоди 38-солаи донишгоҳи Қазон гумонбар шудааст. Се узви гурӯҳи панки Pussy Riot бо ҷурми “авбошӣ дар заминаи адовати мазҳабӣ” дусолӣ ҳукми зиндон гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG