Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Березовский дар додгоҳи зидди Абрамович


Чеҳраи қаноатманди Абрамович баъд аз судури ҳукми додгоҳи Лондон
Чеҳраи қаноатманди Абрамович баъд аз судури ҳукми додгоҳи Лондон
Олигархи рус Борис Березовский даъвои чандмиллиардӣ зидди шарики собиқаш Роман Абрамовичро дар додгоҳи Лондон бохт. Қозӣ Элизабет Глостер 6 миллиард доллар даъвои Березовскийи 66-сола алайҳи соҳиби тими футболи “Челсӣ”-ро радд кард. Березовский дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ гуфт: “Баъзан ман чунин эҳсос мекардам, ки ин ҳукмро худи Путин навиштааст.”
Березовский даъво дошт, ки Абрамович ӯро ба фурӯхтани саҳмияҳои ширкати нафтии “Сибнефт” бо нархи хеле пойинтар аз арзиши аслиаш водор карда буд. Березовский ҳамчунин мегуфт, ки Абрамович саҳмияҳои ӯ дар “РусАл”- бузургтарин ширкати алюминийи дунёро бидуни ризоияташ фурӯхтааст. Дар ин додгоҳ шеваҳои тиҷорат дар Русияи солҳои 90 рӯи об баромад.
XS
SM
MD
LG