Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон тақвияти тавони ғанисозиашро радд мекунад


Мақомоти Эрон гузориши Ожонси назорати нирӯи атомии СММ-ро, ки Теҳронро ба тақвияти ғанисозии уран айбдор мекард, радд мекунанд. Вакили маҷлиси Эрон КозимҶалолӣ ба хабаргузории ИСНО гуфт, нашри ин гузориш дар рӯзҳое, ки Теҳрон мизбони нишасти кишварҳои ҳамроҳнашуда буд, “ҳеҷ маънои дигаре ба ҷуз аз иқдоми сиёсӣ надорад.” Аз вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ нақли қавл шуда, ки иддаои гузориш дарин бораро, ки Теҳрон бо пок кардани изи корҳои ҳастаӣ дар пойгоҳи Порчин нозирони СММ-ро хаста кардааст, низ бепоя мехонад. Гузориши Ожонс мегӯяд, Эрон тавони ғанисозиашро дар корхонаи зеризаминии Форду башиддат афзоиш додааст. Ғарб Эронро ба талроши сохтани силоҳҳои ҳастаӣ айбдор мекунад. Вале Теҳрон мегӯяд, танҳо ҳадафаш тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG