Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳинд сафар мекунад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 1 то 4 сентябр ба Ҳинд сафари расмӣ хоҳад кард. Дар сафорати Ҳинд ба “Азия Плюс” гуфтаанд, ки зимни ин сафар имзои чанд қарордоди ҳамкорӣ байни ду кишвар пешбинӣ шудааст. Ҳинд аз кумакрасонҳои умдаи давлати Тоҷикистон маҳсуб шуда, тармими пойгоҳи ҳавоии Айниро маблағгузорӣ кардааст. Бозсозии ВарзобГЭС – қадимтарин нирӯгоҳи Тоҷикистонро низ Деҳлии нав таъмини молӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG