Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе ду толори нави варзишӣ месозанд


Дар пойтахти Тоҷикистон Кохи нави теннис ва Кохи варзишҳои обӣ хоҳанд сохт. Сухангӯи шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов гуфт, бо қарори шаҳрдор Муҳаммадсаид Убайдуллоев ин ду толори варзишӣ дар кӯчаи Карамов, дар наздикии «Боғи пойтахт» қомат хоҳанд афрохт. Кохи теннис 3 000 ва Кохи варзишҳои обӣ 2 000 ҷои нишаст хоҳанд дошт. Барои ин ду толор 9,9 гектар замин ҷудо шудааст.
XS
SM
MD
LG