Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъди 43 соли рӯи навор омадани нахустин бахши “Ну, погоди!”, ё “Ҳоло ист!” имкон дорад, ки ин маъруфтарин филми тасвирии сохти шӯравиро дубора “қайчӣ” бизананд.

Бархе саҳнаҳои филме, ки аз ҳамлаҳои пайдарпайи сонсури идеологии вақт ҷони солим ба дар бурда буд, ҳоло муноқиз ба қонуни нави зидди таблиғи сигору тамоку дар Русия дониста шудааст. Ин қонун, ки аз 1 сентябр ба иҷро медарояд, пахши наворҳоеро, ки саҳнаҳои шаробнӯшӣ, кашидани сигор ё истифодаи маводи мухаддирро намоиш медиҳанд, то соати 11 шаб манъ мекунад.


Бар асоси як назарсанҷии ду сол пеши Созмони ҷаҳонии ҳифзи сиҳҳат, ҳудуди 44 миллион шаҳрванди Русия, ё тақрибан 40 дарсади ҷамъияти ин кишвар сигор мекашад. Ҳадафи мақомот аз қонуни нав тағйири вазъият дар ин масъала аст.
“Ҳоло ист!” достони пур аз шавқу шӯри таъқиби пайвастаи як харгӯш аз ҷониби як гурги айёшу авбош аст. Дар бахши панҷуми “Ну, погоди!” гург ба хотири берун баровардани харгӯши тӯъмааш аз ғуфраи телефон якбора чанд сигорро дар мегиронад ва дохили он ғуфра пуф мекунад.







Албатта, ниҳояти ин қисмати “Ҳоло ист!” низ мисли бахшҳои дигари ин сериали тасвирист ва гург инбор ҳам дар шикори харгӯш ноком шуда, гӯшии телефонро мебардорад ва ҳамон таҳдиди ҳамешагиашро ба забон меорад ки : “Ну, заяц, погоди!”, яъне “Ҳоло ист, харгӯш!”.



Як мақом дар ширкати матбуотии ТМК, ки ҳаққи нашри “Ҳоло ист!”-ро дар даст дорад, ба Интерфакс гуфтааст, ки онҳо акнун маҷбуранд саҳнаҳои сигоркашии гурги авбошро миқроз бизананд ваё барои намоиши он фақат сооти баъд аз 11-и шабро интихоб кунанд.


Алексей Котёночкин, писари коргардони ин филми тасвирӣ Вячеслав Котёночкин ба “Moscow Times” гуфтааст, «ин тадобир набояд мероси таърихии моро, ки бидуни ягон шакк “Ҳоло ист!”-ро низ дар бар мегирад, “таҳрир” ё “танзим” кунад“.


Аммо маълум мешавад, миқрози қонуни зидди таблиғи сигору шароб нафақат ба “Ҳоло ист!”, балки ба “Чебурашка”, яке дигар аз маъруфтарин филмҳои тасвирии сохти шӯравӣ низ таҳдид мекунад.






Тимсоҳ Гена – як қаҳрамонии асосии ин филм – чубуқ мекашад, ки низ метавонад таблиғи сигоркашӣ таъриф шавад.


Аммо Максим Ксензов – муовини раиси Хадамоти федеролии назорати васоити ахбори умуми Русия ба РИА Новости гуфтааст, “Ҳоло ист!” ва “Чебурашка” “ёдгории бадеиянд ва арзиши фарҳанӣ доранд” ва онҳоро метавон аз шароити қонуни нав хориҷ кард.


Раҳбари ширкати ТМК Александр Митрошенков гуфтаанд, ҳарду филм дар чорчӯби таҷлили 50-солагии барномаи низ хеле маъруфи “Хоби ширин, хурдтаракон” бидуни ҳеҷ таҳрире намоиш дода хоҳанд шуд. Митрошенков гуфтааст, “мо сигор ё чубуқро қайчӣ нахоҳем кард ва ҳама чиз тавре ки ҳаст, намоиш дода мешавад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG