Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи бозиҳои шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Марворид Насриддинзода

Марворид Насриддинзода

Шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи 40-уми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Истамбули Туркия ширкат доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Фаррух Амонатов, Соҳиб Ҷӯраев, Ҷамшед Исоев ва Илҳом Юнусов дохиланд.

Шатранҷбозони тоҷик дар даври аввал бар тими Ҷумҳурии Демократии Сан-Томе ва Принсипи бо ҳисоби 4-0 ғолиб омаданд.

Вале дастаи мардонаи Тоҷикистон дар даври дувум аз тими Булғористон бо ҳисоби 0,5-3,5 шикаст хӯрд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум дирӯз, 30-юми август, бар тими Намибия бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. Мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 31-уми август, бо тими ICSC рақобат мекунад.

Дар сабқати мардон баъди се даври мусобиқа 13 даста 6-имтиёзӣ доранд. Дастаҳои мардонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷойи аввал, Чин дар ҷойи дувум ва Олмон дар ҷойи севум мебошанд. Тоҷикистон баъди натиҷагирии се даври мусобиқа бо 4 имтиёз (2 бурду як бохт) миёни 150 даста дар зинаи 55-ум ҷойгир шудааст.

Дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар ҳайати Марворид Насриддинзода, Надежда ва Лидия Антоноваҳо, Мутрибаи Илҳом ва Саодат Одинаева ширкат дорад.

Занони шатранҷбози тоҷик дар нахустин даври мусобиқа аз тими Латвия бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд ва дар даври дувум тими Намибияро бо ҳисоби 4:0 мағлуб карданд. Вале дастаи Тоҷикистон дар даври севум дирӯз аз тими занонаи Эрон бо ҳисоби 0:4 мағлуб гашт. Шатранҷбоззанони тоҷик имрӯз бо тими Бангладеш вориди рақобат мешаванд.

Дар мусобиқаи занон баъди натиҷагирии се даври мусобиқа 8 даста 6-имтиёзӣ гирифтаанд. Дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон, Русия ва Ҷумҳурии Чех пешқадаманд. Тими занонаи Тоҷикистон бо 2 имтиёз (як бурд ва ду бохт) миёни 127 даста дар ҷойи 103-юм қарор дорад.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Туркия то рӯзи 10-уми сентябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG