Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Ҳукумати Амрико мегӯяд, гузориши нави Созмони Милал дар бораи барномаҳои атомии Эронро бодиққат меомӯзад.

Дар гузориши Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, як муассисаи вобаста ба Созмони Милал омадааст, Эрон теъдоди сентрифугаҳои ғанисозии ураниум дар таъсисоти зеризаминии атомии Фордоро ду баробар зиёд карда ва миқдори бештари ураниуми ғанисозишудаи ғализ ҳосил кардааст.

Ба гуфтаи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, теъдоди сентрифугаҳо дар таъсисоти атомии Фордо аз 1064 ба 2140 адад афзудаанд, вале ин дастгоҳҳои нави ғанисозии ураниум ҳанӯз ба кор андохта нашудаанд. Дар гузориши оҷонс ҳамчунин омадааст, ки Эрон аз соли 2010 то кунун тақрибан 190 кило ураниуми ғанисозишудаи ғализ ҳосил кардааст, агарчӣ то моҳи май 145 кило дошт.

Давлати Эрон мегӯяд, ураниуми ғанисозишудаи ғализро барои реактори атомии тиббиаш лозим дорад. Оҷонси Байналмилалии Созмони Милал дар бораи музокироти имсола бо мақомоти баландпояи Эрон гуфтааст, ки ин гуфтугӯҳо “натиҷаҳои мушаххасе” надод.

Ҷай Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед

Ҷай Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед

Ҷей Карни-сухангӯи Кохи Сафед, рӯзи панҷшанбе гуфт, ҳанӯз фурсат барои ҳалли дипломатии бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон ҳаст. Ӯ афзуд: “Раиси ҷумҳури Амрико борҳо возеҳ гуфтааст, ки намегузорад, Эрон ба силоҳи атомӣ даст ёбад ва ба раҳбарии ӯ талошҳои бесобиқае шудааст, ки ба Эрон фишор оваранд, то бар тибқи аҳдҳои додаи худ амал кунад. Равзана барои ҳалли ин бӯҳрон ҳанӯз ҳам боз аст, вале он ҳамеша боз нахоҳад буд.”

Аммо дар Теҳрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви Ҷунбиши Адами Тааҳуд рӯзи панҷшанбе гуфт, кишвараш намехоҳад, силоҳи атомӣ бисозад, вале аз ҳаққи худ барои истифодаи сулҳомези нерӯи ҳастаӣ намегузарад: “Таъкид мекунам, Ҷумҳурии исломӣ ҳаргиз дар пайи таслиҳоти ҳастаӣ нест ва низ ҳаргиз аз ҳаққи миллати худ дар истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ чашмпӯшӣ нахоҳад кард.”

Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, иддаъое, ки Теҳрон пайваста онро рад кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG