Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон дар андешаи ба додгоҳ кашидани ...


Вазорати дифоъи Амрико мегӯянд, дар андешаи ба додгоҳ кашидани як сарбози нерӯҳои махсуси кишвар ҳастанд, ки амалиёти маҳви Усома бин Лоданро дар китобаш тасвир кардааст. Вакили дифоъи вазорат гуфт, муаллифи китоби “Он рӯз осон набуд”, бар хилофи аҳдаш дар бораи махфӣ нигаҳ доштани асрори низомӣ амал кардааст. Аммо ниҳодҳои давлатии масъули ҳифзи асрори Амрико монеъи нашри ин китоб нашудаанд. Марк Овен лақаби муаллифи китоб ва сарбозест, ки дар амалиёти маҳви Усома бин Лодан раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида дар моҳи майи соли гузашта дар Покистон ширкат доштааст ва ӯ навиштааст, ки Усома вақте кушта шуд мусаллаҳ набуд. Аммо ҳукумати Амрико пештар мегуфт, ки Усома дар он вақт мусаллаҳ будааст.
XS
SM
MD
LG