Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои мардуми Сурия кӯмакҳои бештар хост


Созмони Милали Муттаҳид хостори кӯмакҳои башарии бештар барои мардуми мӯҳтоҷ дар Сурия шуд. Ян Эллисон, муовини дабири кулли Созмони Милал рӯзи панҷшанбе гуфт, танҳо дар моҳи июл ба 820 ҳазор нафар дар Сурия маводи ғизои тақсим кардаанд, агарчӣ дар моҳи апрел фақат 250 ҳазор нафар кӯмак гирифтаанд. Ян Эллисон афзуд, пешниҳод барои эҷоди минтақаҳои амн дар дохили Сурия, ки оворагон битавонанд, онҷо аз низоъ эмин бошанд, суолҳои ҷиддие барангехтааст:“Ингуна пешниҳодҳо суолҳои ҷиддиеро барангехтааст, ки баррасии фавқуллода ва эҳтиёткоронаеро талаб мекунанд.“ Ӯ дар ин бора дар нишасти вазирони хориҷии кишварҳои узви Шӯрои Амният сухан мегуфт, ки дар он вазъи башарӣ дар Сурия баррасӣ шуд. Ҳузур надоштани вазирони Амрикову Русия ва Чин дар нишаст ба гуфтаи таҳлилгарон ихтилофоти амиқи назар дар бораи шеваҳои поён додан ба муноқиша и 17 моҳа дар Сурияро ба таври барҷаста нишон дод. Дар Шӯрои Амният дар мавриди андешидани иқдомҳои қатъӣ алайҳи ҳукумати Башшор Асад ихтилофоти амиқи назар вуҷуд дорад ва аз ҷумла Русияву Чин монеъи қабули се қатънома алайҳи раиси ҷумҳури Сурия шудаанд
XS
SM
MD
LG