Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гузориш дар бораи Эронро бодиққат меомӯзад


Ҳукумати Амрико мегӯяд, гузориши нави Созмони Милал дар бораи барномаҳои атомии Эронро бодиққат меомӯзад. Дар гузориши Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, як муассисаи вобаста ба Созмони Милал омадааст, Эрон теъдоди сентрифугаҳои ғанисозии ураниум дар таъсисоти зеризаминии Фордоро ду баробар зиёд карда ва ураниуми ғанисозишудаи бештар ҳосил кардааст. Оҷонси мазкур гуфтааст, ки музокирот бо мақомоти Эрон имсол "натиҷае мушаххасе" надодааст. Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ҳанӯз равзана барои ҳалли дипломатии баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон боз аст, вале ин “равзана ҳамеша боз нахоҳад буд.”
XS
SM
MD
LG