Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7-сола наӣ, ба мактаб наё! Истеъдодҳо бояд куҷо раванд?


Бино ба низомномаи вазорати маориф танҳо кӯдаконе, ки синнашон ба ҳафт расидааст, ҳаққи таҳсил дар мактабро доранд.

Абӯбакри Акрам шашунимсола аст ва бисёр мехоҳад, ки имсол ба мактаб равад. Аммо ӯро қабул накарданд, зеро бино бар низомномаи нави вазорати маорифи Тоҷикистон танҳо ҳафтсолаҳо ҳаққи рафтан ба мактабро доранд. Таъкид ба сол аст, на омодагии кӯдак, вагарна Абӯбакр ҳарчанд боғча нарафтааст, аммо ҳарфҳоро мешиносаду менависад, ҳисобу китобро медонад ва бо ҳаваси зиёд либоси мактабии худро ҳам омода кардааст.

Падари Абӯбакр - Акрами Санг мегӯяд, писараш дар чаҳорунимсолагӣ шоҳмотбозиро омӯхта, баъзе калонсолонро ҳам мот мекунад. Ба гуфтаи ӯ, масъулони чанд мактаби пойтахт аз лаёқати фарзандаш ва саводи ибтидоии ӯ ситоиш карда, аммо гуфтаанд, писараш як мушкил дорад ва он ҳам синну сол. "Гап дар сари он аст, ки агар як соли дигар мунтазир шавам, писарам қариб 8-сола мешавад. Миёни ҳамсинфонаш калонсол ба назар мерасад. Гузашта аз ин, ҳоло шавқу завқи хондану навиштан дорад. Ба фикри ман, он кӯдаконе, ки истеъдод доранд ва бо сабаби нарасидани синну солашон пеши роҳашонро мегирем ва ба мактаб мактаб рафтан намемонем, шавқи онҳо дар тӯли як соли дигар кам мешавад ва садди роҳи рушдашон мешавем",-гуфт ӯ.

Ҳафтсола нестӣ? Ба мактаб наой!
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
Линки мустақим


Дар Тоҷикистон кӯдаконе кам нестанд, ки қобилияти хеле хуби донишомӯзӣ ва истеъдоди нодир доранд. Мадина Умедзода, духтари Мухбира Мардонова, сокини Душанбе, ду сол дар мактаби ибтидоии амрикоӣ таҳсил кард ва хондану навиштан, ҳисоб ва забони англисиро омӯхт. Вале барои он ки ҳамагӣ шаш сол дорад, волидайн наметавонанд ӯро ба мактабе гузоранд, ки таҳсилро аз синфи дувум оғоз кунад.

Мухбира Мардонова гуфт, "бояд имрӯз коре карда, ҳамин садгузории қонуни танҳо аз ҳафтсолагӣ ба мактаб роҳ ёфтанро шиканем, ин стереотипро дигар кунем. Агар хоҳем, дар оянда кӯдакони боистеъдод кашф кунем."

Намояндагони вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, феълан барои таҳсили кӯдакони аз 7-сола поён дар кишвар шароит фароҳам нест. Мактабҳо танг ва ҷойи нишаст ҳам кам аст. Аммо сардори Раёсати таҳсили томактабӣ ва миёнаи умумии вазорат Абудсамад Муллоев, мегӯяд, ба таври истисно ва аҳёнан ба кӯдаконе иҷозаи таҳсил дода мешавад, ки аз синни мактабӣ се моҳ хурдтаранд.

Коршиносон бар инанд, ки чунин девонсолорӣ сабаби дилсардӣ ва коҳиши рушди кӯдакон мешавад. Ба гуфтаи Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик, қабул ба мактаб дар ҳафтсолагӣ як догмаи замони Шӯравист, ки дар ин 20 соли истиқлолият низ боқӣ мондааст. Ҳол он ки бояд сатҳи рушди зеҳнии кӯдаки асри 21, насли Гуглу Фейсбук ба назар гирифта шавад. Ин равоншиноси тоҷик афзуд, "пезидент Раҳмон литсейи кӯдакони болаёқактро кушод, ки дар он бояд, кӯдаконе, ки аз нуқтаи назари илми равоншиносӣ нобиға ҳастанд, ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Мутаассифона. механизми таҳсил ва қабул ба ин литсей дуруст гузошта нашудааст."

Вазорати маорифи Тоҷикистон бо манзури фароҳам шудани шароит тасмим дорад, то солҳои 2015-2016 дар консепсияи таҳсилот тағйирот ворид кунад ва кӯдаконро аз синни шашсолагӣ ба таҳсил фаро гирад. Ба гуфтаи масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон, имсол наздик ба 170 000 кӯдак бори аввал пой ба дари мактаб мегузоранд. Ба хотири омода кардани онҳо дар кишвар 700 муассисаи томактабӣ вуҷуд дорад. Аммо даҳҳо тифли пешсаф, ки падару модар ва хоҳару бародарон онҳоро ба мактаб омода мекунанд, аз синфхонаҳо берун хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG