Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Экспертиза"-и даъвои Тӯраҷонзодаҳо дар Институти забон


Дар акс: Бародарон - Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаҳо

Дар акс: Бародарон - Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаҳо

Додгоҳи Хуҷанд барои ташхиси вуҷуди тӯҳмату тавҳин нисбат ба Тӯраҷонзодаҳо дар як барномаи телевизиони Суғд аз Донишкадаи забон ва адабиёт кӯмак хостааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба баррасии даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик, алайҳи Шӯрои уламо ва раиси телевизиони Суғд (СТВ) шӯрӯъ кард. Ҷаноби Тӯраҷонзода мегӯяд, моҳи апрели соли ҷорӣ ин афрод дар як барномаи телевизиони давлатии Суғд нисбат ба ӯву хонадонаш тӯҳмат задаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар рӯзи аввали баррасии парванда, додгоҳи Хуҷанд барои экспертизаи вуҷуди тӯҳмату тавҳин нисбат ба Тӯраҷонзодаҳо дар ин барномаи телевизионӣ ба Донишкадаи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон муроҷиат кард.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, гуфт, “дар ин барнома гуфта мешавад, ки гӯиё Тӯраҷонзодаҳо бо истифода аз матбуоти даврӣ даст дасисаву фитна зада, вазъияти кишварро ноором месозанд. Дигар рӯҳониёни иштирокдори ин барнома ҳам, ки дар додгоҳ ҳамчун ҷавобгар иштирок мекунанд, дар ҳаққи хонадони Тӯраҷонзодаҳо маълумоти бардурӯғ баён кардаанд.”

Файзиннисо Воҳидова

Файзиннисо Воҳидова

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, онҳо мехостанд, қазияро аз роҳи мусолиҳа, узрхоҳӣ ва пахши раддия аз ҷониби рӯҳониёни иштирокдори барнома ва телевизиони Суғд поён бахшанд, аммо ин пешниҳоди онҳо аз ҷониби рӯҳониён ва масъулони телевизиони давлатии вилояти Суғд рад шудааст.

Тоҳир Искандарзода, гардонандаи барномаи “Сӯҳбати озод”, ки дар ҷаласаи қаблии додгоҳ ба ҳайси ҷавобгар иштирок кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, “вай наметавонад домуллоҳои иштирокдори барномаро ба узрхоҳӣ водор намояд”. “Ҳамчун як журналист ин барномаро ба мавзӯи Рӯзи Ошӯро, ки аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон доман зада шуда буд, бахшидам. Онҳо бо навбат назарҳои худро баён карданд. Танҳо як имом-хатиб гуфтанд, ки ба андешаашон, Тӯраҷонзода аз сабабгорони воқеаҳои аввали солҳои навад ҳастанд”,-илова кард ӯ. Искандарзода афзуд, он барнома, тавре ки бархе даъво мекунанд, “фармоишӣ” ва барои “сиёҳ кардан”-и Тӯраҷонзодаҳо набуд.

Ҷаласаи бозбинии қаблии даъвои Тӯраҷонзода дар додгоҳи Хуҷанд ҳарчанд озод эълон шуда буд, вале паси дарҳои баста сурат гирифт. Раиси додгоҳи Хуҷанд, Матлуба Ҳабибуллоева, ки раёсати ин ҷаласаи додгоҳиро бар дӯш дошт, хабарнигоронро ба толор роҳ надод. Ба гуфтаи хонум Воҳидова, даъвои ҷаноби Тӯраҷонзода алайҳи Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, раҳбари Шӯрои уламо, имом-хатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳрҳои Исфараву Конибодом Насрулло Азизов ва Мақсудҷон Урунов ва хабарнигори телевизионии вилоятии Суғд, Тоҳир Искандарзода, аст. Аз ин нафарон танҳо имом-хатиби ноҳияи Исфара бинобар дар сафари корӣ будан ҳозир нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи Хуҷанд баррасии даъвои Тӯраҷонзодаро то анҷоми ташхиси барномаи “Сӯҳбати озод” аз сӯи мутахассисони Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони улум мавқуф гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG