Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳбати бе миёнрави Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, бо фаъолони Фейсбук аз мавзӯъҳои муҳими аксар нашрияҳои чопи Душанбест.

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Дар матлаби "Убайдуллоев без посредников" ё "Убайдуллоев бидуни миёнравҳо" иқдоми ахири шаҳрдори Душанберо таҳаввули демкоратӣ унвон кардааст. Ба таъкиди нашрия "барои нахустин бор раҳбари ин сатҳ тасмим гирифт, то ба таври мустақим бо мардум гуфтугӯ кунад."

"СССР"

Сӯҳбати ошкорои Маҳмадсаид Убайдуллоевро "ҷасорати шахси мансабдор" унвон карда ва навиштааст, "эҳтимол то як муддати муайян дар доираҳои таҳлиливу сиёсӣ як баҳс матраҳ бошад: Убайдуллоев чӣ мехоҳад?" Нашрия менависад, "баъзеҳо сахт ба ин боваранд, ки Убайдуллоев 1 маъракаи муҳими сиёсиро оғоз кардааст, ки поёни он номаълум аст. Бархеи дигар мегӯянд, раиси шаҳри Душанбе тайи 20 соли ахир дар сиёсати аслӣ буданаш, ҳеҷ як қарори сиёсиро бидуни ишорае аз "боло" нагирифтааст."

"ТОҶИКИСТОН"

Зимни чопи матлаби "Убайдуллоев ба фейсбукчиён чӣ гуфт?" радду бадалҳои шуда дар ин мулоқотро ба чолиш кашидааст. Нашрия маҳз ошкоро сӯҳбат оростани шаҳрдори Душанберо нишонаи он донистааст, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ба унвони як шахси масъули давлатӣ хостори ҳалли мушкилоти ҷомеа, ба хусус проблемаҳо дар пойтахти кишвар аст.

"ВЕЧЕРНИЙ ДУШАНБЕ"

Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоевро бесобиқа дониста ва навиштааст, "раиси шаҳр муддати 5 соату 30 дақиқа рост истода ва ба ҳама саволҳои сокинон ба таври ошкоро ҷавоб дод." Ба навиштаи нашрия "дар ин мулоқот ҳамаи мушкилоти пойтахти Тоҷикистон матраҳ ва роҳҳои ҳалли он бо ҳузури мансабдорони шаҳрӣ матраҳ гардид."

"ФАРАЖ"

Ин мулоқотро барои боло рафтани имиҷи Убайдуллоев, ҳамчун амалдор ва сиёсатмадор, муҳим дониста ва аз қавли ширкаткуннадагони он навиштааст, "ҳукумати шаҳри Душанбе мехоҳад бо мардуми солимандеша наздик бошад". Ба навиштаи нашрия "Убайдуллоев аз миёни мансабдорони воломақоми давлатӣ ягона нафарест, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи худро дорад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG