Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зане аз ноҳияи Мӯъминобод панҷ сол боз фарзанди муҳоҷирашро ҷустуҷӯ дорад.

Зебӣ Одинаева, сокини ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, мегӯяд, панҷ сол пеш фарзандаш ба хотири кор ба Русия муҳоҷир шуд. Ду соли аввал гоҳ-гоҳ бо модар ва дигар пайвандон тамоси телефонӣ дошт, вале бо гузашти се сол аз ӯ ҳеҷ дараке нест.

Ин зан мегӯяд, фарзандаш Бобоҷон Давлатов ном дошта, 24 сола аст, вале бо сабабҳои барои ӯ номаълум аз худ дарак намедиҳад.

Зебӣ Одинаева мегӯяд, бархе муҳоҷирони аз Русия баргашта мегӯянд, фарзандашро вохӯрдаанд ва ӯ сиҳату саломат аст, аммо тааҷуби модар он аст, ки чаро ин писар бо хонавода тамос намегирад.

Ӯ мегӯяд, "агар маро мешунавад ва ё мехонад, илтимос мекунам, баргардад ва ё телефон кунад, ки сахт ӯро пазмон шудаем. Биёяд, дар ҳамин ватан ҳам кор пайдо мешавад. Барои мо сиҳативу саломатии ӯ лозим аст, дигар ҳеҷ чиз аз ӯ намехоҳем. Як пора нон ҳам пайдо карда, сер карда метавонем."

Ин модар мегӯяд, дилаш гувоҳӣ медиҳад, ки фарзандаш сиҳат аст, аммо чаро аз тоҷику тоҷикистониён дурӣ меҷӯяд, номаълум аст: "Чашмам чор аст, агар заррае раҳм дошта бошад, биёяд. Наход, ин қадар беинсоф шуда бошад ва шири додаи маро фаромӯш карда бошад. Илтимос, баргардад..."

Дар поёни сӯҳбат, ин зан бо як рӯбоӣ писарашро аз ғарибӣ ба ватан даъват кард:

Эй бачаи ҷон оби ғарибӣ шӯрайе,
Баргашта биё, зиндаҷудоӣ зӯрайе,
Набвад ба наво сози дили мо бе ту,
Ду тори дутори тори мо ноҷурайе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG