Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Ҳ. А. Тӯраҷонзода дар Хуҷанд


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
Имрӯз дар догоҳи шаҳри Хуҷанд бо дархости Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мурофиаи муқаддамотии додгоҳӣ оғоз ёфт. Оқои Тӯраҷонзода барои дифоъ аз эътибору шахсияти худ Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода-раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло Ақзизов-имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон Урунов-имомхатиби масҷиди Конибодомро ба додгоҳ кашидааст.

Қозии додгоҳ матни мавриди шикоятро ба пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт супурдааст, то дақиқ кунанд, ки дар ин матн вожаҳои таҳқир вуҷуд дорад ё хайр. То натиҷагириҳои ин пажуҳишгоҳ мурофиа ба таъхир меафтад.

Дар ин бора Файзиниссо Воҳидова-вакили мудофеи оқои Тӯраҷонзода хабар додааст.
XS
SM
MD
LG