Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе - мизбони мусобиқаи ҷаҳонии таэквондо ITF-2014


Тими миллии Тоҷикистон оид ба таэквандо

Тими миллии Тоҷикистон оид ба таэквандо

Дар Таллинн кунгураи Федератсияи байналмилалии таэквондо ITF баргузор шуд, ки дар он шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2014 интихоб гардид.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар риштаи таэквондо ITF дар Таллинни Эстония 18 медал - 5 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст оварданд. Ба иттилои Федератсияи таэквондо ITF ва кикбоксинги Тоҷикистон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки миёни наврасон ва собиқадорон баргузор шуд, беш аз 800 варзишгар аз 60 кишвар ширкат доштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ миёни наврасон мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Русия мақоми севумро касб кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Илҳом Одинаев (вазни то 45 кг), Муҳаммадшариф Муродов (51 кг), Муҳаммад Наимов (69 кг) ва Муфтоҳиддин Нарзуллозода (75 кг) ҷойҳои аввалро соҳиб шуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Инчунин дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Алишер Аҳмадов, Муфтоҳиддин Нарзуллозода, Хуршед Абдуқодиров, Муҳаммад Наимов, Муҳаммад Лутфуллоев ва Ислом Ашӯрматов дар рақобатҳо аз рӯи техникаи махсус байни наврасон ғолиб шуд.

Ҳамзамон дар Таллинн кунгураи Федератсияи байналмилалии таэквондо ITF баргузор шуд, ки дар он шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2014 интихоб гардид. Барои мизбонии сабқати ҷаҳонӣ, инчунин, шаҳри Алматии Қазоқистон муддаӣ буд. Ҳамаи аъзои кунгура ва раиси Федератсияи байналмилалӣ профессор Чанг Унг ба тарафдории Душанбе якдилона овоз доданд.
XS
SM
MD
LG