Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар ним сол $43 миллион кӯмак гирифтааст


Дар нимасолаи аввали соли ҷорӣ 30 кишвар ба Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона фиристодаанд. Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, мизони ин кӯмакҳо ба беш аз 43 миллион доллар мерасад ва беш аз 40 дарсади ин кӯмакҳо аз амрико расидааст.

Аммо дар миёни кишварҳои муштарак-ул манофеъ аксран Русия ёрии башардӯстона расондааст.

Дар ин муддат аз ҷониби кишварҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон маводи ғизоӣ, таҷҳизоти тиббӣ, компютерӣ, доруворӣ ва либосу пойафзол ворид карда шудааст.
XS
SM
MD
LG