Пайвандҳои дастрасӣ

Довталабони тоҷик: "Пулдорон ҷои моро гирифтанд..."


Теъдоде аз довталабони тоҷик дар назди бинои вазорати маорифи Тоҷикистон. 30-юми августи 2012

Теъдоде аз довталабони тоҷик дар назди бинои вазорати маорифи Тоҷикистон. 30-юми августи 2012

Маъмурони пулис беш аз 90 довталаби тоҷик, ки дар назди вазорати маориф гирди ҳам омада буданд, пароканда кардаанд.

Маъмурони пулис дар сӯҳбат ба хабарнигори "Озодӣ" гуфтанд, ки ин корро барои ҷилавгирӣ аз ҳама гуна "амалҳои номатлуб" анҷом доданд. Дар ҳоле ки ба қавли онҳо, ин теъдод ҷавонон мехостанд вориди бинои вазорати маориф шаванд.

Рӯзи 30-юми август беш аз 90 довталаби тоҷик, ки дар муддати як соли охир дар донишгоҳҳои Қазоқистон давраҳои омодагиро пушти сар карда, вале ба бахшҳои мехостаашон қабул нашудаанд, дар назди бинои вазорати маориф таҷаммӯъ карданд.

Ин гурӯҳи ҷавонони тоҷик аз вазорати маорифи Тоҷикистон, ки онҳоро барои таҳсил ба Қазоқистон фиристода будааст, талаб доранд, ин ниҳод ҷиҳати идомаи таҳсилашон бо ихтисоси интихобкардаашон дар донишгоҳҳои Қазоқистон мусоидат намояд.

Суман Наботова, як довталаби тоҷик, ки як сол давраи омодагиро дар назди донишгоҳҳои Қазоқистон паси сар карда, пас аз супурдани имтиҳон бештар аз 50 бал (нафароне, ки беш аз 50 бал гирифтаанд, ҳаққи донишҷӯ шуданро доранд) гирифтааст, гуфт, ӯ ихтисоси гумрукро интихоб карда буд, вале ӯро ба факултаи фаҳангшиносӣ равона кардаанд. “Мо як сол қабл бо вазорати маорифи Тоҷикистон шартнома баста будем. Дар он навишта шуда буд, ки агар аз имтиҳон беш аз 50 бал гирем, бо ихтисоси худамон интихоб карда донишҷӯ мешавем. Мо ҳамагӣ аз 50 бал зиёд баҳо гирифтем, аммо ихтисосҳои мо куллан иваз шудааст. Мо ҳоло дар қабули вазири маориф гуфтем, ки бо ин ниҳод шартнома дорем, шартномаи мо чӣ мешавад, ӯ гуфт "шартноматон дар гӯр!"

Як зан, ки худро модари Улуғбек Самандаров, яке аз довталабон муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо мо гуфт, мехост, писараш духтур шавад. Ба ин мақсад як сол қабл писараш имтиҳон супурда дар Қазоқистон як сол давраи тайёриро паси сар кардааст. “Аммо писари маро ба ихтисоси “тайёр намудани хӯроки ҳайвонот” пешниҳод кардаанд. Гуфтаанд, дар Тоҷикистон сагу пишак зиёд шудааст, рав, ба ҳамин ихтисос таҳсил кун. Аммо ман писарамро духтур шавад гуфта он ҷо фиристодам. Як сол қабл вазири маорифи собиқ гуфта буд, ки Тоҷикистон бо Қазоқистон ҳамин гуна шартнома дорад, бигузор фарзандонатон нағз хонанд, духтур шуда меоянд”,-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Ҳини сӯҳбат бо эътирозгарон кормандони пулис ба мо муроҷиат карда, бо лаҳни таҳдидомез гуфтанд, ки саҳни ҳавлии вазоратро тарк кунем. Замоне ҳуҷҷати журналистиро ба корманди пулис нишон медодем, аз дохили бинои вазорат як корманди он берун шуда ба эътирозгарон бо лаҳни тунд гуфт, аз саҳни ҳавлии вазорат берун шаванд. Вале ин таҳдиди вай мавҷи эътирозҳоро ба бор овард. Бо баланд шудани садои эътирозу ғавғо кормандони пулис ҳамаро зӯран аз саҳни ҳавлии вазорат берун карданд.

Маҳмудхон Шоев, сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ дар ин маврид гуфт: “Ин довталабон як сол давраи омодагиро паси сар карда аз мандат нагузаштанд. Бинобар ин, ба онҳо дигар ихтисосҳоро пешниҳод карданд. Ҳоло акнун аз вазорат талаб доранд, ки онҳоро ба ихтисоси мехостаашон дохил кунад. Охир, онҳо ба талаботи кишвари дигар ҷавоб нагуфтанд ва вазорат ҳеҷ кор карда наметавонад.”

Аммо довталабони тоҷик мегӯянд, онҳо аз мандат гузаштаанд, чунки беш аз 50 бал гирифтаанд ва сабаби ба ихтисосашон равон нашудани онҳо дар Қазоқистон он аст, ки ба ҷои онҳо тақрибан 20 нафар писарони афроди мансабдору доро имсол аз Тоҷикистон рафта ба ихтисосҳои мехостаи онҳо шомили донишгоҳҳои Қазоқистон шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG