Пайвандҳои дастрасӣ

Б. К. Мун Эронро барои Ҳолокост интиқод кард


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ дар ҷараёни нахустин боздиди худ аз Теҳрон аз раҳбарони Эрон интиқод кард. Эрон Ҳолокостро эътироф надорад ва ҳақи мавҷудияти Исроилро чун давлати мусстақил рад мекунад. Бан ки Мун ин нуқтаи назари Эронро “бедодгарона” номид.

Рӯзи панҷшанбе зимни суханонронии худ дар мулоқоти раҳбаронии кишварҳои адами тааҳҳуд дар Теҳрон Бан Ки Мун гуфт, вай қабул надорад, ки як кишвари узви СММ кишвари дигари узвро ба нобудӣ таҳдид кунад.

Вай афзуд, рад кардани ҳақи як кишвари узви СММ барои мавҷудият ва тавсифи он чун кишвари нажодпараст “комилан дуруст нест”.

Дабири Кулли СММ ҳамчунин аз Эрон хост, ки қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро дар бораи қатъи ғанисозии уран риоят кунад.

Аммо қабл аз он оятулло Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон гуфт:

“Ман таъкид мекунам, ки ҷумҳурии исломӣ ҳаргиз дар паи таслиҳоти ҳастаӣ нест ва низ ҳаргиз аз ҳақи миллати худ дар истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ чашмпӯшӣ нахоҳад кард”.

Хоманеӣ ин суханонро дар маросими гушоиши мулоқоти кишварҳои адами тааҳҳуд баён дошт.
XS
SM
MD
LG