Пайвандҳои дастрасӣ

5 сарбози Австралия дар Афғонистон кушта шуданд


Дар Афғонистон дар ду ҳодисаи алоҳида 5 сарбози Австралия кушта шуданд. Генерал Ричард Шпигел-сухангӯи нируҳои ISAF ё Нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ дар Афғонистон дар бораи ин куштор ба хабаргузории Ройтерз гуфт:

“Муттаассифона, дар давоми 24 соати ахир 5 сарбози Австралия дар ду ҳодисаи алоҳида кушта шуданд. Мо таслияти амиқи худро ба хонаводаҳои онҳо дар Австралия мефиристем”.

Нахуствазири Австралия гуфтааст, аз оғози ҷанг дар Афғонистон то ҳол ин бузургтарин талафоти нируҳои кишвараш будааст.

Шоми рӯзи чаҳоршанбе як мард дар либоси афсари артиши Афғонистон дар пойгоҳи низомии вилояти Урузгон ба сӯи сарбозони Австралия оташ кушод. Се сарбоз кушта, ду нафари дигараш ҷароҳат бардоштанд. Марди оташкушода аз маҳали ҳодиса фирор кард.

Ин яке аз охирин ҳодисаҳое буд, ки дар либоси нируҳои амниятии афғон ба сӯи нируҳои хориҷӣ тир мекушоянд. Рӯзи панҷшанбе дар як пешомади дигар дар натиҷаи суқути чархбол дар вилояти Ҳилманд ду сарбози дигари Австралия ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG