Пайвандҳои дастрасӣ

Гӯшзадҳои Бан Кӣ Мун ба Аҳмадинажоду Хоманаӣ


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон

Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон

Бан Кӣ Мун аз баёнияҳои ахири раҳбарони Эрон дар мавриди Исроил эътироз карда, онҳоро "иҳонатомез" хондааст.

Бан Кӣ Мун ба хотири ширкат дар нишасти сарони Ҳаракати Кишварҳои Ғайримутааҳид рӯзи чаҳоршанбе, 29-уми август, вориди Теҳрон шуд. Билофосила баъд аз расидан ба Теҳрон ӯ аз мақомоти Эрон хост, ба масоили муҳими вобаста ба ин кишвар, ки сабаби танишҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ шудааст, расидагӣ кунанд.

Дар як нишасти хабарии муштарак бо Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон, Бан Кӣ Мун гуфт, ин масъаларо баррасӣ кардааст, ки чӣ гуна Созмони Милал ва Эрон метавонанд ҳамроҳ барои беҳбуди ҳуқуқи инсон дар ин кишвар кор кунанд. Бино ба гузоришҳо, Алии Лориҷонӣ аз ин гуфтаи Бан Кӣ Мун нороҳат шудааст.

Гурӯҳҳои мухолифи давлат дар Эрон, аз Бан Кӣ Мун хоста буданд, ки масъалаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Исломӣ, аз ҷумла ҳабси хонагии Мирҳусейн Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ, аз пешвоёни мухолифини давлатро бо мақомоти Эрон дар миён бигзорад. Дабири кулли Созмони Милал ҳамчунин бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳур ва Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон, мулоқот кард.

Мартин Несирски, сухангӯи Созмони Милал дар ин бора гуфт: “Дар масъалаи ҳуқуқи инсон, дабири кул дар мулоқот бо раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон ҳамчунон мояи нигаронӣ боқӣ мемонад. Ӯ гуфт, бояд ҳуқуқи бунёдии шаҳрвандӣ ва сиёсии мардум муроот шавад."

Ба гуфтаи Мартин Несирски, Бан Кӣ Мун аз баёнияҳои ахири раҳбарони Эрон дар мавриди Исроил эътироз карда ва онҳоро "иҳонатомез" ва “барангезанда” хондааст. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон, чанде пеш Исроилро як “ғадуди саратон” хонда буд. Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам борҳо гуфтааст, ки Исроил ҳаққи мавҷудият надорад.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал, ҳамчунин масъалаи барномаҳои ҳастаии Эронро дар миён гузоштааст, ки боис ба таниш дар минтақа шуда ва солҳост, ки дар дастури Шӯрои Амнияти Созмони Милал қарор дорад. Мартин Несирски, сухангӯи созмон гуфт, Бан Кӣ Мун ба Хоманаӣ ва Аҳмадинажод гуфтааст, ба хотири поён додан ба баҳсҳо сари барномаҳои атомии Эрон, “пешрафтҳои мушаххас” лозим аст: “Дар масъалаи ҳастаӣ, дабири кул гуфт, музокироти Эрон бо гурӯҳи 5 бар изофаи якро аз наздик пайгирӣ мекард ва афзуд, ки мутаассифона дар он музокироти пуршиддат пешрафтҳои ночизе ҳосил шудааст ва музокирот бояд ҷиддӣ ва босамар бошад.”

Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ ва дигар ҳадафҳои сулҳомез аст, аммо бисёре аз кишварҳо бим доранд, ки Эрон саъй дорад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад. Ахиран сару садоҳо бештар шуд, ки Исроил мехоҳад, ба хотири монеъ шудан ба дастёбии Эрон ба бомби атомӣ ба таъсисоти ҳастаии ин кишвар ҳамла кунад.

Нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои ғайримутааҳид имрӯз дар Теҳрон шурӯъ мешавад ва дар он сарони даҳҳо кишвар, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG