Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина Амрикову Иттиҳодияи Аврупоро маъюс кард


Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукми Додгоҳи Олии Украина ибрози таасуф карданд, ки ҳукми зиндони Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқро бетағйир гузошт. Юлия Тимошенко бо гуноҳи сӯистифода аз мақом ба 7 соли таҳаммул дар зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи Олии Украина баъди баррасии шикояти хонум Тимошенко рӯзи чаҳоршанбе ҳукми худро дар шаҳри Киев содир кард. Баъди ин Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, дигарбора ба нигарониҳои кишвараш “аз қазияҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ” дар Украина таъкид кард. Майкл Манн, сухангӯи Кетрин Эштон, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Украина хост, ба масъалаи муҳокимаҳои “ҳадафмандонаи афроди алоҳида” расидагӣ кунанд. Юлия Тимошенко, ки соли 2009 нахуствазир буд, барои бастани созишномаи зиёновари воридоти гази табиӣ аз Русия зиндонӣ карданд. Аммо худаш мегӯяд, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури феълии Украина аз ӯ ки як замон рақиби сиёсиаш буд, аз ҳамин роҳ ниқор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG