Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои паралимпӣ дар Ландан оғоз шуд


Дар шаҳри Ландан дар як маросими бошукӯҳ бозиҳои паралимпӣ ва ё бозиҳои варзишгарони маъюб оғоз шуд. Оғози бозиҳоро Маликаи Бритониё Элизавета дар ҳузури ҳазорон нафар эълом кард. Себасятн Ко, мудири кумитаи баргузории бозиҳо гуфт, “омодаи илҳом гирифтан, тасхир шудан” бошед. Филип Гравен, раиси Кумитаи Байналмилали Паралимпӣ, бозиҳои 11 рӯза дар Ланданро, “намоиши нерӯи рӯҳи инсон” хонд, ки ба гуфтаи ӯ “қодир ба дигар кардани ҳар яки мост.” Дар Бозиҳои Паралимпӣ дар Ландан 4200 варзишгарони маълул аз ҷумла нобиноён ва афроди бедаст ё пой аз 166 кишвар ширкат мекунанд. Дар ин бозиҳо Парвиз Одинаев вазнабардори тоҷик ҳам рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG