Пайвандҳои дастрасӣ

Се сарбози хориҷиро дар Афғонистон куштанд


Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО эълом карданд, ки як марди низомипӯши афғон се сарбози онҳоро куштааст. Ҳодиса рӯзи сешанбе дар вилояти Урузгон ба вуқӯъ пайвастааст, ки онҷо 1500 сарбози Австралия мустақар шудаанд. Аммо ҳуввияти сарбозони хориҷии кушташударо эълом накардаанд. Тайи чанд моҳи ахир 45 сарбози хориҷӣ аксаран амрикоиҳо аз тарафи шарикони афғони худ кушта шудаанд, ки ин мояи нигаронии фармондеҳони НАТО шудааст.
XS
SM
MD
LG