Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ: "Намегузорам, Гурҷистон ноором шавад"


Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон қавл дод, ки ба ҳар гуна талош барои ноамн кардани кишвараш аз хориҷ поён хоҳад дод. Зимни суханронӣ аз тариқи телевизион Михайил Саакашвилӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, аксари ҷангҷӯёне, ки дар дараи Лопота чандин нафарро гаравгон гирифтанд, кушта шудаанд. Пештар аз ин Нодар Харшиладзе, муовини вазири умури дохилии Гурҷистон, дар бораи амалиёт барои раҳоии гаравгонон дар ин минтақаи ҳаммарз бо Русия гуфт: "Тақрибан 11 террористро маҳв кардем, аммо як гурӯҳи хурди онҳо муқовиматро идома медиҳад. Мутаасифона мо ҳам дар ин амалиёт талафот додем. Се сарбози мо кушта ва 5 тани дигар захмӣ шуданд." Теъдоди номаълуми гаравгононро аз асорати ҷангҷӯён озод кардаанд ва амалиёт барои раҳоии гаравгонони боқимонда идома доштааст. Бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯён аз ҷумҳурии ноамни Доғистони Русия ба Гурҷистон ворид шудаанд ва сабабҳои гаравгонгирии онҳо ҳоло маълум нест.
XS
SM
MD
LG