Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби Наҳзатро ба беэътиноӣ ба қонун муттаҳам карданд


Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Ҳизби Наҳзати Исломӣ талаби онҳо барои рафъи қонуншиканиҳо дар фаъолияти худро нодида гирифта ва чорае барои ислоҳи онҳо намеандешад. Дар баёнияи додситонӣ, ки хабаргузории расмии “Ховар” нашр кардааст, аз нуқси зиёд ва қонуншиканиҳои зиёд дар фаъолияти Ҳизби Наҳзат сухан меравад. Аз ҷумла додситонӣ гуфтааст, дар асноди дохилии ҳизб омадааст, ки Ҳизби Наҳзат дар ноҳияи Исфара 600 узв дорад, аммо фақат санади 80 нафари онҳо мавҷуд аст. Дигар ин ки дар зарфи 3 соли гузашта 11 нафар аъзои фаъоли ҳизб бо гуноҳи ифротгароӣ ва даст доштан дар амалҳои террористӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Саидумар Ҳусайнӣ муовини раиси Ҳизби Наҳзат ин иддаъоҳоро беасос хонд ва гуфт: “Нақшаи аввалини онҳо ҳамин аст, ки ҳизб баста шавад, вале умедворем баста наметавонанд. Дуввум ин таъсиру нуфузи ҳизбро кам кунанд ва мардумро аз он барҳазар бидонанд.” Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон яке аз аҳзоби бузурги кишвар аст ва мегӯяд, бештар аз 35 ҳазор аъзо дорад.
XS
SM
MD
LG