Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе ҷиҳати анҷоми як сафари корӣ, озими Теҳрон шуд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд

Тавре аз дастгоҳи президенти Тоҷикистон хабар доданд, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сафар дар ҳамоиши сарони кишварҳои Ҷунбиши адами тааҳҳуд, ки қарор аст рӯзҳои 29 то 31-уми август дар пойтахти Эрон доир шавад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин дар рафти ин сафар вохӯрии як ба яки президент Раҳмон бо раиси ҷумҳурии исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва президенти Покистон Осиф Алӣ Задорӣ дар назар аст.

Эмомалӣ Раҳмон ниммаи дуввуми рӯзи 30-юми август сафари худро ба Эрон поён бахшида ба Тоҷикистон бар хоҳад гашт.

Ҷунбиши адами тааҳҳуд, як созмони байнулмилалист, ки 118 давлати ҷаҳонро дар бар гирифтааст. Ин кишварҳо аҳд кардаанд, ки шомили ҳеҷ яке аз эътилофҳои ҷаҳонӣ нашаванд. Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ба унвони кишвари нозир ширкат хоҳад кард, зеро ин кишвар шомили ин ҷунбиш нест.

Ин созмони байналмилалӣ дар соли 1961 ташкил ёфта ва то кунун 15 навбат роҳбарони он нишаст барпо кардаанд. Нишасти охири сарони Ҷунбиши адами тааҳҳуд моҳи июли соли 2009 дар Миср баргузор шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG