Пайвандҳои дастрасӣ

Гаравгонгирии ҷангҷӯён дар Гурҷистон


Гурӯҳи хабарнигорон дар назди бинои вазорати умури дохилии Гурҷистон

Гурӯҳи хабарнигорон дар назди бинои вазорати умури дохилии Гурҷистон

Вазорати умури дохилии Гурҷистон мегӯяд, дар натиҷаи бархӯрд бо гурӯҳи силоҳбадасти гаравгонгир дар ағбаи Лопота се афсари амниятӣ кушта ва панҷ нафари дигар марӯҳ шуданд. Ба қавли ҳамин манбаъ ҷангҷӯён аз Русия ба хоки Гурҷистон ворид шудаанд ва дар ҷараёни бархӯрд 11 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Назар ба гузоришҳои расида ҷангҷӯён аз ҷумҳурии Доғистони Русия ба қаламрави Гурҷистон дохил шудаанд. Мансабдорони амниятии Гурҷистон мегӯянд, бархӯрд бо ҷангҷӯён шоми сешанбе оғоз ёфт ва дар ин муддат камаш шаш гаравгони гурҷӣ аз дасти силоҳбадастон раҳо шудаанд. Сабаби гаравгонирӣ то ҳол маълум нашудааст.
XS
SM
MD
LG