Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон


Раҳматуллоҳ Набил

Раҳматуллоҳ Набил

Президенти Афғонистон раҳбари Раёсати амнияти миллии ин кишвар Раҳматулло Набилро аз вазифааш барканор кардааст.

Вакили мардумӣ Иқбол Сафӣ, ки узви Кумитаи амнияти парламенти Афғонистон аст, рӯзи чоршанбе ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷаласаи кумита Набил истеъфояшро тасдиқ кард. Набил дар соли 2010-ум ба дунболи истеъфои Амруллоҳ Солеҳ ба вазифаи сарвари Раёсати амнияти миллии Афғонистон таъйин шуда буд.

Аз ин қабл вазирони дифоъ ва умури дохилии Афғонистон Абдураҳими Вардак ва Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ба сабаби нотавонӣ дар ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои мушакии Покистон ва ҳамчунон афзоиши ноамнӣ дар кишвар, ба парлумони ин кишвар ҳозир ва ба дунболи раъйи адами эътимоди вакилон, симматҳои худро аз даст дода буданд.

Гуфта мешавад, барканории Раҳматуллоҳи Набил ба дунболи ҳуҷумҳои пайдарпайи сарбозони афғон ба нерӯҳои хориҷӣ сурат гирифтааст.

Интизор меравад, ки раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, волии пешин ва қудратманди Қандаҳор Асадуллоҳ Холидро ҷойгузини Раҳматуллоҳ Набил намояд.

Сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки дар раҳбарии Раёсати амнияти миллӣ ҳеҷ кас набояд беш аз ду сол ифои вазифа намояд. Ба гуфтаи ин манбаъ, қарор аст Раҳматуллоҳ Набил сарпарасти яке аз сафоратҳои Афғонистон дар хориҷ таъйин шавад.

Дар ҳамин ҳол вакили мардумӣ Абдулқадир Қалатвол дар парлумони Афғонистон мегӯяд, манбаъҳои огаҳ ба вакилон гуфтаанд, ки имрӯз ва ё пагоҳ Карзай номҳои вазирони навро эълон мекунад. Қалатвол ҳамчунон изҳор намуд, ки эҳтимол Бисмиллохон Муҳаммадӣ, вазири мудофиа таъйин шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG