Пайвандҳои дастрасӣ

Исҳоқ баъзе гӯшаҳои Ню Орлинзро зери об гузошт


Дайана Випл-сокини Ню Орлинз тӯфонро пешвоз мегирад

Дайана Випл-сокини Ню Орлинз тӯфонро пешвоз мегирад

Мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, обхезие, ки бар асари тӯфони Исҳоқ ба амал омад, ба баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Ню Орлинз зиён расондааст. Дар арафаи тӯфон мақомот ба аҳолӣ дастур дода буданд, ки аз шаҳр берун шаванд. Аз ин рӯ, то ҳол дар бораи талафоти минтақаҳои зери об монда чизе нашр нашудааст. Ба гуфти манбсадорон дар минтақаи Плакуменис Париш (Plaquemines Parish)-и Ню Орлинз мавҷи об то 3,6 метр баландӣ доштааст. Қабл аз тӯфон мансабдорони амрикоӣ ба 2000 сокини ин минтақа дастур дода буданд, ки аз хонаҳояшон берун шаванд, вале ба гуфтаи онҳо фақат нисфи аҳолӣ ин маҳалларо тарк намуд.
Тӯфони Исҳоқ рӯзи сешанбеи 28-уми август ба соҳили ҷанубии Амрико расид. Ҳафт сол пеш дар ҳамин рӯз тӯфони Катрина шаҳри Ню Орлинзро тахриб карда буд.
XS
SM
MD
LG