Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои раиси идораи амнияти милли Афғонистон


Вакили мардумии афғон Абдулқадир Қалатвол
Вакили мардумии афғон Абдулқадир Қалатвол
Мақомоти афғон мегӯянд, президенти ин кишвар Ҳомиди Карзай раиси хадамоти амнияти миллӣ Раҳматулло Набилро аз вазифааш барканор кардааст. Вакили мардумӣ Иқбол Сафӣ, ки узви Кумитаи амнияти парламенти Афғонистон аст, рӯзи чоршанбе ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷаласаи кумита Набил истеъфояшро тасдиқ кард. Дар изҳороти дафтари матбуотии президенти Афғонистон гуфта мешавад, ки ба ҳамин зудиҳо собиқ сарвари Раёсати амнияти миллӣ сафири Афғонистон дар яке аз кишвари хориҷӣ таъйин хоҳад шуд.
Набил дар соли 2010-ум ба вазифаи сарвари Раёсати амнияти миллии Афғонистон таъйин шуда буд.
Моҳи равон президенти Афғонистон вазири мудофиа Раҳими Вардак ва вазири умури дохилӣ Бисмиллохон Муҳаммадиро аз вазифаҳояшон барканор карда буд. Вакили мардумӣ Абдулқадир Қалатвол мегӯяд, манбаъҳои огаҳ ба вакилон гуфтаанд, ки имрӯз ва ё пагоҳ Карзай номҳои вазирони навро эълон мекунад. Қалатвол ҳамчунон изҳор намуд, ки эҳтимол Бисмиллохон Муҳаммадӣ вазири мудофиа таъйин шавад.
XS
SM
MD
LG