Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ вориди Теҳрон шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Кӣ Мун субҳи чаҳоршанбе вориди Теҳрон шудааст.

Ба гузориши хабаргузории нимадавлати "Форс", дабири кулли СММ барои ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои ғайри мутааҳҳид, субҳи чаҳоршанбе вориди Теҳрон шуд.

Бан Кӣ Мун пас аз ширкат дар як зиёфат аз сӯи Алӣ Лориҷонӣ, раиси парлумони Эрон, бо Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва музокиракунандаи ҳастаии ин кишвар дидор мекунад.

Тахмин мешавад, ки мансабдорони эронӣ Бан Кӣ Мунро ба шаҳри таърихии Исфаҳон мебаранд, то ба ӯ ду коргоҳи ғанигардонии уранро нишон диҳанд. Аммо сухангӯи СММ дар шаҳри Ню-йорк гуфт, ки дар ҷараёни ин сафар оқои Бан нақша надорад, кадом яке аз коргоҳҳои ҳастаиро назорат кунад.

Сухангӯи Бан Ки Мун пештар гуфта буд, ки дабири кулли СММ аз Эрон мехоҳад барои рафъи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз барномаи ҳастаиш ва риояти ҳуқуқи башар иқдоми фаврӣ анҷом диҳад. Чанд тан аз ёварони дабири кулли СММ ӯро дар тайи ин дидори серӯза ба Теҳрон ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», қарор аст Бан Кӣ Мун бо Маҳмуди Аҳмадинажод раиси ҷумҳури Эрон ҳам дидор кунад. Гуфта мешавад ӯ бо оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон ҳам дидор хоҳад кард.

Дар созмони 51-солаи адами тааҳҳуд, кишварҳое узвият доранд, ки худро ба ягон эътилоф марбут намедонанд. Феълан раҳбарии даврии ин созмон бар дӯши Эрон аст
XS
SM
MD
LG