Пайвандҳои дастрасӣ

Маргталаб дар панҷ сарбози афғонро ҳам кушт


 Сарбозони артиши Афғонистон ба макони ҳамлаи ҷангӯён мерасанд

Сарбозони артиши Афғонистон ба макони ҳамлаи ҷангӯён мерасанд

Мансабдорони афғон мегӯянд, дар шарқи ин кишвар бар асари таркиши бомбаи канори роҳ ва бомбгузории маргталабона 5 сарбози артиши Афғонистон ҳалок шуданд. Ба қавли мақомот сарбозон дар ноҳияи Маногайи вилояти Кунар, ки истеҳкоми ҷангҷӯён ба шумор меравад, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ибтидо бомбаи канори роҳ таркидаасту сипас маргталаб дар рӯ ба рӯи онҳо пайдо шуда, маводи таркандаро фаъол кардааст. Моҳи равон бар асари ҳамлаҳои ҳавоии паймони НАТО дар ин минтақа даҳҳо ҷангҷӯй кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG