Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Тимошенко бетағйир монд


Юлия Тимошенко дар иҳотаи афсарони полис
Юлия Тимошенко дар иҳотаи афсарони полис
Додгоҳи Украина дархости бознигарии айбномаи собиқ сарвазири ин кишвар Юлия Тимошенкоро, ки бо ҷурми сӯиистифода аз қудрат ба муддати ҳафт сол зиндонӣ шудааст, бетағйир гузошт. Ҳукми Додгоҳи Олии Украина рӯзи чоршанбе эълон шуд. Тимошенко соли гузашта маҳкум ба зиндон шудааст, зеро дар соли 2009-ум аз ваколатҳояш берун рафта бо Русия созиши воридоти гази табииро ба имзо расонда буд. Ба қавли ҳукумати Украина ин созиш манфиатҳои миллии ин кишварро нодида мегирад. Аммо вакилони мудофиаи Тимошенко мегӯянд, ки музокироти Тимошенко амали сиёсӣ буда, дар он ҳеҷ ҳаракати ҷиноӣ мушоҳида намешавад. Тимошенко мегӯяд, ки ҳабси ӯ аслан, қассоси президенти ин кишвар Виктор Янукович мебошад. Соли 2010-ум дар интихоботи президентии Украина Янукович Тимошенкоро мағлуб карда буд. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА муҷозоти Тимошенкоро маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG