Пайвандҳои дастрасӣ

Аккоси раисиҷумҳур дар "дом"-и як тоҷири душанбегӣ


Генадий Ратушенко, аккоси машҳури тоҷик.

Генадий Ратушенко, аккоси машҳури тоҷик.

Аккоси машҳури Тоҷикистон Генадий Ратушенко аз сӯи як тоҷири душанбегӣ "ғорат" шудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфт, тоҷири душанбегӣ Аслан Султонов бо роҳи фиреб ба боварии Генадий Ратушенко даромада, барои тиҷорат аз ӯ 30 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайб задааст.

Ба дунболи он, Генадий Ратушенко аз болои Аслан Султонов ба мақомоти вазорати корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе шикоят бурдааст. Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳоло Аслан Султонов ҳамчун гумонбар ба қаллобӣ дастгир,карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

Геннадий Ратушенко дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ба Аслан Султонов, ки худро тоҷир муаррифӣ кардааст, барои дастрас кардани таҷҳизоти плотер (дастгоҳи чопи сурат дар шиша ва оҳан) 30 ҳазор сомонӣ додаааст, вале ӯ ба гузашти мӯҳлат таҷҳизот ва пулро барнагардонидааст.

Геннадий Ратушенко, ҳоло раҳбарии Иттиҳоди аккосони Тоҷкистонро бар дӯш дорад. Вай ҳамчун аккоси нашрияи «Вечерний Душанбе», оҷонсии «Новости» ва «РИА новости» дар Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ӯ ҳамчунин солиёни зиёд раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомолӣ Раҳмонро дар сафарҳояш ҳамчун аккос, ҳамроҳӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG