Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот


Фаррух Амонатов, шартранҷбози маъруфи тоҷик.
Фаррух Амонатов, шартранҷбози маъруфи тоҷик.

Шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи 40-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки 28-уми август дар шаҳри Истамбули Туркия шурӯъ шуд, ширкат доранд.

Рашид Ҳусейнов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, дар Олимпиадаи ҷаҳонии ҷашнӣ ба ҳайати дастаи мардонаи кишвар Фаррух Амонатов, Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев, Соҳиб Ҷӯраев, Ҷамшед Исоев, Илҳом Юнусов ва ба ҳайати дастаи занона Марворид Насриддинзода, Надежда ва Лидия Антоноваҳо, Мутрибаи Илҳом ва Саодат Одинаева дохиланд.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Туркия то рӯзи 10-уми сентябр идома хоҳад кард. Ёдовар мешавем, Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки соли 2010-ум дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мардонаи Украина ва тими занонаи Русия ба анҷом расида буд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи пешин дар ҳайати Фаррух Амонатов, Анвар Назаров, Ҷамшед Исоев, Соҳиб Ҷӯраев ва Рашид Ҳусейнов бо 10 имтиёз (4 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 5 бохт) миёни 153 даста ҷои 86-умро касб намуд ва дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ дар ҷои охирин қарор гирифт.

Дастаи занонаи Тоҷикистон бошад, дар ҳайати Марворид Насриддинзода, Надежда ва Лидия Антоноваҳо, Асила Мӯҳтоҷзода ва Мутрибаи Илҳом баъди 11 бозӣ (4 ғалаба, 1 мусовӣ ва 6 бохт) бо 9 имтиёз дар байни 115 даста дар зинаи 79-ум ҷойгир шуда буд ва миёни дастаҳои занонаи кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон (ҷои 84-ум) пеш гузаштааст.
XS
SM
MD
LG