Пайвандҳои дастрасӣ

Пешбарии расмии Ромнӣ ба мақоми президенти ИМА


Дар анҷумани Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико дар шаҳри Тампаи аёлати Флорида, Митт Ромниро расман номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида пешбарӣ карданд. Губернатори собиқи аёлати Массачусетс дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр бо Барак Обама аз Ҳизби Демократ рақобат хоҳад кард. Дар анҷумани серӯзаи ҳизб, ҷумҳурихоҳон умдатан доир ба масоили иқтисодӣ дар Амрико ва ислоҳоти низоми молиёт баҳс хоҳанд кард. Онҳо ҳамчунин хоҳанд гуфт, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико натавонистааст, ба аҳдҳои додааш дар интихоботи гузашта вафо намуда, рушди иқтисодро беҳтар ва бекориро камтар кунад. Анҷумани Ҳизби Демократи Амрико ҳафтаи оянда дар аёлати Каролинаи Шимолӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG