Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тӯфони Исҳоқ ба тундбоди тарсноке табдил шуд


Маркази Миллии Тӯфоншиносии Амрико рӯзи сешанбе гуфт, тӯфони мавсум ба Исҳоқ бо расидан ба Халиҷи Мексика дар Амрико ба гирдбоди қавие табдил шудааст, ки дар як соат 120 километр ҳаракат мекунад. Пештар аз ин Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико аз сокинони иёлоти соҳилии Амрико, ки дар маърази хатари ин тӯфон қарор доранд, хост, “бо фалокат бозӣ накунанд” ва ба ҷойҳои амн бираванд. Ба далели хатари тӯфон дар иёлоти Луизиана, Миссисипи, Алабама ва Флорида вазъи фавқуллода эълом шудааст. Интизор меравад, тӯфони саҳмгин ба зудӣ шаҳри Ню Орлеан бирасад, ки 7 сол пеш тӯфони Катрина онро вайрон кард ва 1800 нафарро кушт.
XS
SM
MD
LG