Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса иллати марги Арафотро таҳқиқ мекунад


Додситонҳои Фаронса дар робита ба марги Ёсир Арафот, раҳбари собиқи Фаластиниён парванда боз кардаанд. Мақомоти расмии Фаронса рӯзи сешанбе гуфтанд, мувофиқа дар ин замина ҳосил шудааст, аммо ҳоло муфаттиши аслиии парвандаро таъйин накардаанд. Донишмандони Шветсария моҳи июл гуфтанд, ки дар баъзе аз ашёву лавозимоти Ёсир Арафот, олудагиҳои зиёди моддаи кушандаи полониумро ёфтаанд. Баъди ин хонаводаи Ёсир Арафот, хост дар ин замина парванда боз шавад. Ёсир Арафоти 75-сола соли 2004 дар як шифохонаи Фаронса даргузашт ва табибон гуфтаанд, ки касолати хун сабаби хунрезии мағзӣ ва марги Ёсир Арафот шудааст. Аммо ба эътиқоди аксари фаластиниён марги Ёсир Арафот кори дасти Исроил аст, ки ӯро як монеае дар роҳи сулҳ медонист. Ёсир Арафот, ки 35 сол раҳбари Созмони Озодихоҳи Фаластин буд, соли 1996 нахустин раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG