Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ мегӯяд, Туркияву Эрон "роҳи обро мебанданд"


Вазири тиҷорати Ироқ аз Эрону Туркия хост, ниёзҳои кишвараш ба оби обёриву ошомиданиро нодида нагиранд. Хайруллоҳ Ҳасан Бӯбакар, дар мусоҳиба бо бахши ироқии Радиои Озодӣ гуфт, оби 49 рӯдхонаҳои хурд аз Эрон дигар ба Ироқ намерасад, ки ин сабаби беоб мондани заминҳои кишти васеъ дар вилоятҳои Сулаймонияи Курдистон, Диёло, Майсан ва Басра шудааст. Ба гуфтаи вазири ироқӣ, кишвараш азм дорад, то замоне, ки бо Эрон масъалаи тақсими об ҳал нашавад, созишномаи тиҷорати дуҷонибаро имзо намекунад. Хайрулло Ҳасан Бӯбакар афзуд, солҳост, ки Ироқ бо Эрону Туркия мавзӯъи тақсими обро баррасӣ мекунад, вале ба чизе ноил нашудааст. Ироқи биёбонӣ, ки мӯҳтоҷи об аст, асосан аз рӯдхонаҳои Даҷлаву Фурот обёрӣ мешавад, ки аввалӣ аз Туркия ва дуввумӣ ҳам аз Туркия ва Сурия сарчашма мегиранд. Манбаъи дигари асосии оби Ироқ рӯдхонаҳои хурде ҳастанд, ки аз Эрон ба он кишвар ҷорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG